КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ҚАДР ШУДАНД

25-уми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

Дар ин маросим, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  кормандони соҳаи энергетика – Авезов Файзулло Ҳабибович, директори Филиали «Неругоҳи «Қайроққум»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ» Раимов Амирхон Яздонович ва муовини директори Филиали «Неругоҳи «Бойғозӣ»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» Гурезов Ҷабор Амонуллоевичсарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки аз ҷониби роҳбари давлат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд.