ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» ШИНОС ШУДАНД (ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ)

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқии обии Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти гидроэнергетикӣ шинос шуданд.

Сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун баландтарин сарбанди хокию сангӣ дар ҷаҳон буда, сатҳи болоии он дар баландии 1300 метр ва сатҳи поёнии он бошад дар баландии 965 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Сарбанди неругоҳ аз якчанд қисм ба монанди призмаи такядевори болоӣ, призмаи такядевори поёнӣ, борсанги призмаҳо, филтрҳои минтақаи гузариш ва ядрои сарбанд иборат аст. Ядрои сарбанд қисми асосии сарбанди хокию сангӣ маҳсуб ёфта, аз маводи гилхоки сангрезадори қобилияти обгузаронияш хеле паст дар маркази сарбанд барои нагузаронидани  об сохта мешавад.

Дар  минтақаи сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун  кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми пуриқтидор сафарбар карда мешаванд. Дар ин қитъаи сохтмонӣ дар баробари муҳандисону бинокорон геодезистон ва кӯҳнавардон низ шабонарӯзӣ фаъолият карда, барои бехатар гардонидани қитъаҳои сохтмонӣ бо симбандии ёнаҳои кӯҳ машғуланд.

Зимни сафари кории қаблиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқии обии Роғун дастур дода буданд, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ядро бо истифода аз техникаву технологияҳои замонавӣ суръат бахшида шуда, масъулон дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намоянд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат хобонидани шағал дар призмаҳои такядевори болоӣ ва поёнии сарбанд  ва мувофиқи технология қабат ба қабат хобонидани маводи гилхоку филтрҳо дар ядрои сарбанд то сатҳи 1105 метр аз сатҳи баҳр иҷро гардидааст.  Яъне дар муддати як сол сарбанд 70 метр баланд бардошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳ давоми соли 2025 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб ва дар маҷмуъ 33,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои куҳӣ, шағал, гилхоки сангрезадор ва филтрҳои минтақаи гузариш хобонида шудааст, ки он 42,6 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳад.

Кормандони муҳандисию техникии неругоҳ дар ин майдони нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат, иродаи қавӣ, заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расидани сохтмони ин иншооти асрро наздик менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири мустаҳкаму устувор намудани сарбанди ин иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ  сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шуда, корҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Чунки Неругоҳи барқии обии Роғун аз лиҳози экологӣ тоза эътироф гардида, ин иншооти стратегӣ аз ҷиҳати экологӣ, техникӣ ва бехатарӣ яке аз беҳтарин неругоҳҳои барқии обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Вақт ҳамчун довари ҳақиқӣ собит менамояд, ки иқдоми қатъӣ, устуворона ва азму иродаи ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи зудтар бунёд намудани Неругоҳи барқии обии Роғун барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон чӣ нақшу қиммате доштааст. Зеро танҳо дар натиҷаи бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди бесобиқа менамоянд ва сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун мегардад.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

https://prezident.tj/event/news/52414

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР НАҚБИ ОБРАВИ АГРЕГАТҲОИ №1 ВА 2-И ОБҚАБУЛКУНАКИ ДОИМӢ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и Неругоҳи барқии обии Роғун шинос шуданд.

Корҳои нақбканӣ ва устуворсозии обрасонҳо дар ҳоли анҷомёбӣ буда, сементрезии мустаҳкамкунанда ҷараён дорад. Барои насби оҳанфилизот ва бетонхобонии дохили обрасонҳо лулаҳои филизӣ, ки қутрашон 7 метрро дар бар мегирад, омода карда мешаванд. То ин вақт дар қисмати поёнии обрасони агрегати №4 бо дарозии 64 метр ва дар қисмати поёнии обрасони агрегати №3 бошад бо дарозии 16,2 метр лулаҳои филизӣ насб карда шудаанд.

Имрӯз коргарону мутахассисони Неругоҳи барқии обии Роғун бо дарки аҳаммияти ин иншооти энергетикии кишвар барои ояндаи дурахшон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолият намуда, бо неруи созанда ҳамарӯза ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд.

Ҳолати воқеии корҳои сохтмонӣ нишон медиҳад, ки бунёдгарони ин иншооти тақдирсози миллат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида, ҳадаф якдилона барои ҳарчи зуд ба анҷом расонидани сохтмон равона карда шудааст.

Нақбҳои обрасон, ки дар маҷмуъ 6 адад мебошанд, аз иншооти асосии таҳти фишори баланд қарордошта дар неругоҳ ба ҳисоб мераванд. Яъне тавассути ҳамин нақбҳо об то чархаҳои неругоҳ интиқол меёбад. Бо назардошти ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳаи энергетикаи кишвар ва коргарону мутахассисонро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ босифат ба иҷро расонидани сохтмон вазифадор намуданд.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

https://prezident.tj/event/news/52418

ШИНОСОӢ БО ОБҚАБУЛКУНАКҲОИ ДОИМИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқии обии Роғун шинос шуданд.

Вазифаи аслии обқабулкунаки доимӣ вобаста ба сатҳи об дар обанбор аз 3 зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон, мустаҳкам нигоҳ доштани қабати кӯҳпора ва пешгирии кӯчиши ҷинсҳои кӯҳӣ баъди бо об пур шудани обанбор мебошад. Об тавассути ҳамин иншооти соҳили чапи Неругоҳи барқии обии Роғун то ба чархаи агрегатҳо расонида мешавад.

Дар навбати аввал барои ба кор даровардани агрегатҳои №3 ва №4 нақбҳои обрасон аз баландии 1152 метр аз сатҳи баҳр об мегиранд. Ба нақбҳои обрасони агрегатҳои №1, 2, 5 ва 6 бошад об аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр дохил мегардад.

Барои танзими оби воридшаванда дар мавзеи обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр болои ҳар нақб шахтаҳои амудии қутрашон 13,6 метр сохта шудааст. Дар ин иншоот нақбканӣ ва мустаҳкамсозӣ анҷом ёфта, сементхобонӣ бо мақсади устуворгардонӣ дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Дар ин баландӣ аз нақбҳои амудӣ тавассути дарвозаҳо раванди резиши об танзим карда мешавад.

Бо назардошти нақши муҳимми нақбҳои амудӣ дар идора намудани раванди фаъолияти неругоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саривақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулини дахлдори соҳа ва мутахассисон супориш доданд.

Ҳоло дар чоҳҳои заҳкаш хокбарорӣ, бетонпошӣ, лангарбандӣ ва пармагарии чоҳҳои заҳкаш дар ду баст идома дорад. Дар маҷмуъ дар ин қисмат хокбарорӣ 92 %, бетонпошӣ 49 %, пармагарию гузоштани анкерҳо 81 %, бетонхобонӣ 23 % ва пармагарии чоҳҳои заҳкаш 18 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

Дар Неругоҳи барқии обии Роғун мутахассисону коргарон ҳоло ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда, бо дилгармӣ кӯшиш доранд, ки сохтмонро тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ дар вақти муаяншуда босифат ба анҷом расонанд.

Ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили чап ва рости сарбанди неругоҳ рафти бетонрезию лангарбандии деворҳоро мушоҳида намуданд, ки мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ идома дорад.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

https://prezident.tj/event/news/52422

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР БАРОМАДГОҲИ НАҚБИ НАҚЛИЁТИИ НБО РОҒУН ДАР БАЛАНДИИ 1300 МЕТР АЗ САТҲИ БАҲР

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Неругоҳи барқии обии Роғун аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби нақлиётии Т-9¹ боздид намуданд. Иншооти муҳим дар баландии зиёда аз 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, имрӯз бо заҳмати садҳо мутахассиси ватаниву хориҷӣ бо суръат бунёд меёбад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар баромадгоҳи нақби нақлиётии Т-9¹ корҳои таҳкимдиҳӣ, насби қубурҳои дренажӣ, сохтмони шабакаҳои равшанидиҳӣ ва системаҳои ҳавокашӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир анҷом дода шудааст.

Ба иттилои муҳандисон, иҷрои босифати нақбҳо, иншооти гидротехникӣ ва зерсохторҳои муҳандисӣ омили асосии ба истифода додани агрегатҳои навбатии неругоҳ хоҳад буд. Ҳар як қисмати иншоот бо меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, то имрӯз даҳҳо километр нақбҳои кӯҳӣ ба анҷом расидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон таъкид карданд, ки сифати корҳо бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад. Дастур дода шуд, ки назорат аз болои раванди сохтмон пурзӯр карда шавад ва ҳамаи талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар иншоот риоя гардад. Зеро НБО Роғун танҳо як сохтмон нест, балки рамзи ифтихор ва ояндаи ободу шукуфони Тоҷикистон мебошад.

Бунёдкорӣ дар НБО Роғун идома дорад. Ҳар рӯз садҳо нафар бо ифтихори ватандорӣ, бо меҳнати содиқона ва бо мақсади таъмини ояндаи равшани Тоҷикистон дар ин майдони бузург фаъолият доранд. Нақби нақлиётии Т-9¹ яке аз унсурҳои муҳими НБО Роғун маҳсуб ёфта, иҷрои босифати он заминаи мусоид барои пешрафти дигар марҳилаҳои сохтмонӣ хоҳад гузошт.

Иҷрои чунин корҳои бузург бо заҳмати шабонарӯзии бунёдкорон имконпазир аст. Барои садҳо бинокорон, муҳандисон ва мутахассисон Роғун на танҳо ҷои кор, балки макони ифтихор ва рисолати ватандорӣ аст.

Бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун – ин саҳифаи тоза дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Ин иншооти муҳим на танҳо қувваи барқ, балки қувваи рӯҳ ва неруи маънавии миллатро афзун мекунад. Иншооти бузурги аср имрӯз ба рамзи ваҳдату созандагӣ табдил ёфтааст. Аз ин ҷо садои кору заҳмати беист ба тамоми минтақа паҳн мешавад ва ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон паёми умеду ифтихор мефиристад.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

https://prezident.tj/event/news/52424

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР САРБАНДИ РӮДИ ОБИ ШӮРИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи барқии обии Роғун бо ҷараёни корҳо дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.

Сарбанди рӯди Оби Шӯр бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар рӯд, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд карда шудааст.

Сохтмони ин сарбанд аз соли 2010 то соли 2015 идома ёфта, то сатҳи 1115 метр, ки баландии 60 метрро ташкил медиҳад, сохта шуда буд. Ҳаҷми бетони дар он давра хобонидашуда 253 ҳазору 720 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳо дар сарбанди ҳимоявии рӯди Оби Шӯр ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мувофиқи лоиҳа дар соли 2025 сарбанд то сатҳи 1135 метр аз сатҳи баҳр, яъне ба баландии боз 20 метри дигар бунёд гардид. Ҳаҷми лоиҳавии бетони хобонидашуда ба ин баландӣ 31 ҳазору 181 метри мукаабро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили дарё дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои неругоҳ сохта шудааст.

Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ва регу лой ба нақбҳои обпартои неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами иншооти аср – Неругоҳи барқии обии Роғун мусоидати фаъол менамояд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бунёди иншооти нави ҳимоявӣ дар шохобҳои болоии Оби Шӯр мутахассисон корҳои омӯзиширо анҷом доданд. Дар сурати муайян намудани минтақаҳои мувофиқ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ сохтмони иншооти иловагии ҳимоявӣ оғоз мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин таъкид намуданд, ки иҷрои босифати корҳо дар ҳама мавзеъҳои неругоҳ касбият, масъулият ва садоқати воқеӣ ба миллату давлатро талаб мекунад.

Роғун на танҳо як иншооти бузурги энергетикӣ, балки рамзи иттиҳоду созандагии миллӣ аст. Роғун мактаби ҷавонмардонест, ки зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббати бузург ба Ватан кор мекунанд. Ҳар як мутахассис ва ҳар як бинокор медонад, ки заҳмати ӯ ҷузъи таърихи навини Тоҷикистон мешавад.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

https://prezident.tj/event/news/52426

БОЗДИД АЗ МАЙДОНЧАИ СОХТМОНИИ №5 А-И НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН

26 август дар идомаи боздиди корӣ дар Неругоҳи барқии обии Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5 А шинос шуданд.

Дар майдончаи сохтмонии №5 А қубурҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ барои агрегатҳои неругоҳ омода карда мешаванд.

Корҳои асосии омодасозии қубурҳои обпарто барои иншооти муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон – Неругоҳи барқии обии Роғунро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Тоҷикгидромонтаж иҷро менамоянд.

Ҳоло дар ин қитъаи сохтмонӣ корҳои кафшергариву омодасозии қубурҳо идома доранд. Ин қубурҳо дар обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва №4 истифода мешаванд.

Қубурҳои мазкур дар шакли нимдавра дар Заводи гидромеханикии шаҳри Норак бо истифода аз масолеҳи баландсифат омода гардида, ба неругоҳ ворид карда шудаанд.

Дар майдончаи мазкур мутахассисони Заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи Тоҷикгидромонтаж васли қубурҳои шахтаи обрасонӣ-турбинаи агрегати рақамҳои 3 ва 4-ро бо суръату сифати баланд ба роҳ мондаанд.

Вазифаи асосии ин ширкатҳои ватанӣ омодасозӣ ба васли трубинаҳои обрасонии агрегатҳои рақамҳои аз 1 то 6 мебошад. Ҳоло корҳо барои таъмини трубинаҳои обрасонии агрегатҳои 4-3 идома доранд.

То имрӯз барои трубинаи обрасонии агрегати рақами 3 дар ҳаҷми 1945 тонна оҳанфулузоту қубурҳо омода гардида, аз ин 141,5 тонна васл шудааст.

Омодасозии трубинаҳои обрасонии агрегати 4-ро бошад, ҶСК Тоҷикгидромонтаж ба зима дошта, то имрӯз ба андозаи 1885 тонна оҳанфулузот кафшер карда шудааст. Аз ҳаҷми умумӣ 554,5 тонна оҳанфулузот васл гардидааст.

Бо дар назар гирифтани талабот мутахассисони ширкатҳои ватанӣ талош доранд, қубурҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида омода созанд. Васлу омодакунии қубурҳои шахтаҳои обрасонӣ – турбинаҳо ва шахтаи обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо тибқи нақшаи пешбинигардида ҷараён дорад. Теъдоди коргарон дар ин қитъаи сохтмонӣ аз ҳисоби ҶСП Заводи таҷрибавии механикӣ 90 нафар дар ду баст мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти кор дар ин иншооти мураккаби муҳандисӣ, бунёдгузори Роғун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳар бинокор дар ин корзори нангу номусро мояи сарфарозӣ арзёбӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶСП Заводи таҷрибавии механикӣ тайи чанд моҳи охир дастгоҳу таҷҳизоти муосирро харидорӣ карда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои кафшергарӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Махсусан аз оғози соли равон ба майдони сохтмон 4 дастгоҳи худкори кафшергарӣ ва магнитӣ харидорӣ шудааст. Фаъолияти дастгоҳҳои мазкур назаррас буда, барои пешрафти босамари кор мусоидат кардааст. Таҷҳизоти замонавӣ насли нави технологияи инноватсионӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Сифати тадбирҳои кафшергарӣ тавассути дастгоҳҳои ултрасадо аз ҷониби мутахассисон санҷида шуда, аз тарафи фармоишгар қабул карда мешавад.

Инчунин кормандони ҶСП Заводи таҷрибавии механикӣ бо гузаштани давраҳои омӯзишии кафшергарӣ аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин қитъаи сохтмонӣ ба мутахассисон дастур доданд, ки, пеш аз ҳама, ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ин иншоот бояд садсолаҳо барои наслҳои оянда хизмат кунад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ҶСП Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак воридоти хатҳои истеҳсолии муосирро васеъ ба роҳ мондааст. Илова ба харидории роботҳои кафшергар, инчунин таҷҳизоти муосири дигар, ки тавассути об иқтидори то 12 сантиметр буридани оҳанро дорад,ворид карда шудааст. Технологияи навтарин кори бинокоронро чандин маротиба бештар суръат бахшидааст.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

https://prezident.tj/event/news/52428

БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲО ДАР НАҚБИ СОХТМОНИИ ҚАБАТИ 4-И НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқии обии Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

Иншоот дар соҳили рост воқеъ буда, ҳамчун нақби обпарто вазифаи партофтани обҳои зиёдатии обанборро дар мавсими серобӣ аз сатҳи 1090 метр боло иҷро мекунад.

Нақби сохтмонии қабати чорум аз даромадгоҳ то қисмати мобайнӣ якшоха буда, то баромадгоҳ ба ду шоха тақсим мешавад ва 1700 метр дороӣ дорад. Дар мавзеи даромади нақб камераи дарвозаҳои шакли ҳамвор, ки иборат аз ду дарвоза аст, васл гардида, дар мавзеи душоха бошад, дар ҳар як шоха камераи дарвозаҳои шакли ҳамвор ду адад ва нимдоира ду адад васл карда мешаванд.

Дар нақби мазкур корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамнамоӣ пурра иҷро шуда, тадбирҳои бетонхобонӣ идома доранд.

Корҳои бетонхобонӣ аз ҳаҷми умумии 99 ҳазору 306 метри мукааб, дар ҳаҷми 81 ҳазору 480 метри мукааб иҷро гардидааст, ки 82 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди корҳои сохтмонӣ дар шохаи А-и нақби сохтмонии қабати чорум ва бинои идоракунии дарвозаҳои таъмирии ин иншоот дидан карданд.

Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои А ва Б иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад.

Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.

Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи А кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамнамоии муваққатӣ дар ҳаҷми умумии 69 ҳазору 572 метри мукааб иҷро шуда, корҳои бетонхобонӣ ва сементатсионӣ бошад, аз ҳаҷми умумии 39 ҳазору 984 метри мукааб, 25 ҳазору 859 метри мукааб иҷро шудааст.

Иншооти мазкур барои васл ва идора намудани дарвозаҳои нақб хизмат мекунад. Дар асоси лоиҳа дар ҳар як шохаи нақб камераи дарвозаҳои шакли ҳамвору нимдоира васл карда мешаванд.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда истодааст ва бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад.

Неругоҳ барои таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди истеҳсоли неруи барқи «сабз» аҳаммияти бузурги стратегӣ дорад.

Инчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо раванди корҳои то имрӯз анҷомёфта ва идомаи васли таҷҳизоти механикию арматурбандӣ дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

Дар ин қисмати сохтмон, корҳои заминӣ бо ҳаҷми 569 ҳазору 400 метри мукааб иҷро шудааст. Корҳои бетонпошӣ, васли анкерҳо ва заҳкашӣ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.

Тибқи лоиҳа корҳои мустаҳкамнамоии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати чорум бо дар назар доштани баромадгоҳҳои се нақби обпартои дар оянда бунёдшаванда сохта шуда, дар он корҳои заминӣ, анкергузорӣ, симтурбандӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ идома дорад.

Дар ҳудуди баромадгоҳи нақбҳои обпарто дар маҷрои дарё тибқи лоиҳа ҳавзи мавҷшикан сохта шуда истодааст, ки барои паст намудани фишори оби аз нақб бароянда хизмат мекунад. Оби партофташуда баъди паст шудани фишораш боз ба маҷрои дарё равона мегардад.

Дар ин мавзеъ корҳои заминӣ идома дошта, бо ҳаҷми 997 ҳазор метри мукааб иҷро шудааст. Корҳои бетонпошӣ бошад, аз масоҳати умумии 36 ҳазору 555 метри муррабаъ, 24 ҳазору 944 метри муррабаъ иҷро гардидааст, ки 68, 3 фоизро ташкил медиҳад.

Васли анкерҳои оҳанубетонӣ аз дарозии 296 ҳазору 887 метр, 61 ҳазору 565 метраш иҷро шудааст.

Сифати корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза назорат шуда, мутобиқ ба талабот анҷом дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби  сохтмонии  қабати чорум аз тарафи паймонкор ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж иҷро шуда истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва суҳбат бо бинокорон, аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, барои саривақт ва мувофиқ ба талабот иҷро намудани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

https://prezident.tj/event/news/52430