МУЛОҚОТ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

29-уми августи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, ки фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи “сабз” ва самтҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об ба Раймундас Кароблис барои фаъолияти самаранок дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият орзу кард.

Сафир аз ҳамкориҳои судманд бо Вазорати энергетика ва захираҳои об изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро барои идомаи пуштибонӣ аз иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва идоракунии захираҳои об таъкид намуд.