1-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷиҳати иштирок дар Рӯзи дониш, ки ҳамасола 1-уми сентябр баргузор мегардад ба Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ташриф овард.
Нахуст, аз намоишгоҳи дастовардҳои донишҷӯёни Донишкада боздид ба амал оварда шуд.
Тибқи иттилои масъулон, донишҷӯёни Донишкада чанд рӯз қабл дар Чемпиоанти ҷаҳонии касбӣ аз рӯи номинатсияи “Энергетика” сазовори мақоми дуюм гардиданд.
Сипас, вазири энергетика ва захираҳои об роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Рӯзи дониш дар кишвари мо аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, он рамзи оғози соли нави таҳсил ва саъю талошҳои ҳамагон дар ҷодаи илмомӯзию соҳибкасб гардидан ба шумор меравад.
Вазир нақши омӯзгорро дар тарбияи насли ҷавон муҳим арзёбӣ намуда, чунин таъкид карданд “Бемуболиға таъсири омӯзгорон аз доираи муассисаи таълимӣ фаротар аст. Онҳо намунаи ибрат ва муҳаррики ҷомеа барои рушду тараққиёт мебошанд, ки тавассути роҳнамоии худ ба донишҷӯён имконият медиҳанд аз нуқтаи назари илмӣ андешаронӣ намуда, намояндаи фаъоли рушди ҷомеаи мо гарданд”.
Таъкид шуд, ки дар асри инқилоби илмиву техникӣ рушду инкишофи соҳаҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки мо бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илм ва технология, навовариҳои истеҳсолӣ ва неруи сатҳи муосири ақлонӣ навсозии соҳаҳои иқтисоди миллиро амалӣ намоем.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба донишҷӯёне, ки дар Чемпионати ҷаҳонии касбӣ фаъолона ширкат варзиданд, ифтихорномаҳо тақдим гардиданд. Ҳамзамон, бо ҳузури вазир маросими супоридани билетҳои донишҷӯӣ ба донишҷӯёни соли аввал баргузор шуд, ки ин лаҳзаи хотирмон оғози расмии роҳи таҳсилу омӯзиши онҳо гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар Филиали “Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ”-и Донишкадаи энергетикии Москава дар шаҳри Душанбе 350 донишҷӯ таҳсил намуда, дар соли нави хониш 70 нафар дохил шудааст.































