02-юми сентябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ширкати SINOSURE-и Ҷумҳурии Мардуми Чин мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва имкониятҳои сармоягузории ширкати мазкур ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, хусусан ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мубодилаи назар карданд.
Дар идома имкониятҳо ва афзалиятҳои кишвар дар самти бунёд ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ муаррифӣ гардид.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, барои рушди неруи офтобӣ ва бодӣ шароити мусоиди табиӣ ва иқлимӣ дорад.
Дар навбати худ, роҳбарияти ширкати SINOSURE омодагии худро барои омӯзиши амиқи имкониятҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.















