05-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҳозиринро ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Содиқов Руслан Парвизович – сардори барномаи инфрасохторӣ, Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бақоев Манучеҳр – ҳамоҳангсози калони бахшҳо: бахши молия, тағйирёбии иқлим ва энергетикаи Дафтари KFW дар шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда ҳамчун намояндагони шарикони рушд дар татбиқи лоиҳаи муҳими давлатии Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Муовини Сарвазир аз ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои энергетикӣ барои таъмини амнияти энергетикӣ, густариши иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти хоса доранд.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи энергетика – Авезов Файзулло Ҳабибович, директори Филиали «Неругоҳи «Қайроққум»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ» Раимов Амирхон Яздонович ва муовини директори Филиали «Неругоҳи «Бойғозӣ»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» Гурезов Ҷабор Амонуллоевич медали Хизмати шоиста тақдим карда буданд.


















