ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ЗЕРБИНОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Соҳибистиқлолӣ барои ҳар миллат дастоварди бузург ва муқаддастарин арзиш мебошад. Ба даст овардани соҳибистиқлолӣ маънои соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва муайян намудани роҳи пешрафти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро дорад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад, истиқлолият на танҳо падидаи навин, балки орзуи дерина ва марҳилаи нави давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Роҳи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон осон набуд. Он бо ҳодисаҳои хунин ва фоҷеаҳои иҷтимоӣ оғоз гардида, дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ амалӣ шуд.

Соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ вазъи геополитикию геостратегии ҷаҳон тағйир ёфт. Дар ин шароит Тоҷикистон низ ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуд. Дар рӯзҳои вопасини давлати Шуравӣ, дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) санаи 24-уми августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро қабул гардид. Ҳарчанд он ҳанӯз истиқлоли пурраро ифода намекард, замина барои худмуайянкунӣ ва соҳибдавлатӣ фароҳам оварда шуд.

Бо дарки зарурати истиқлоли комил, 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик гардиши кӯллӣ ва тақдирсоз ба вуқуъ пайваст. Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон бо қарори худ 9-уми сентябрро рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин тасмим ду матлабро равшан нишон дод: кӯшиши ҳамкории мустақилонаи ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ ва тақвияти мафҳуми «Истиқлолият» ба сифати давлатдорӣ ва субъектии ҳуқуқи байналмилалӣ.

Акнун, замони он расида буд, ки мардум бо дидаи тоза ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд. Вале, мутаассифона, ҳанӯз аввалин солгарди ин рӯйдоди фараҳбахшро ҷашн нагирифта, кишвари азизи мо ба гирдоби ҷанги дохилӣ афтод. Ҷанги вайронгар, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафоти бузурги молӣ, таназзули иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, поя ва асосҳои давлатдориро фалаҷ кард. Аз байн рафтани системаи идоракунӣ, набуди таҷрибаи давлатдории мустақилона, тазоду рақобат миёни ҳизбу гурӯҳҳо, рӯз то рӯз шуълавар шудани оташи ҷанг, яъсу ноумедии саросарӣ, беҳокимиятӣ ва давлат дар остонаи парокандашавӣ қарор дошт.

Дар чунин шароити душвор вакилони мардумӣ дар мақоми олии намояндагии мамлакат 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳумро баргузор намуданд. Акнун чашми умеди ҳама тоҷикистониён ба натиҷаҳои ин иҷлосия дӯхта шуда буд. Ин охирин фурсат буд: ё Шурои Олӣ масъулияти худро дар назди таърих ва халқу Ватан ба ҷо оварда, кишварро аз ин вазъияти буҳронӣ наҷот медод ва ё ин фурсати сарнавиштсоз барои ҳамеша аз даст мерафт. Хушбахтона, Шурои Олӣ бо интихоби роҳбари ҷавону дилсӯз ва ботадбиру оянданигар дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро иҷро кард. Оре, намояндагони мардумӣ, ки то он вақт дар чандин талоши сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ ноком шуда буданд, ин дафъа бо дидаи боз ва дарки масъулият суккони киштии ба гил нишастаи миллатро ба дасти касе супориданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию миллатпарварӣ ва бо такя ба хиради азалии мардуми худ, ин киштиро аз миёни амвоҷи пурталотуми замон солим ба дар овард ва ба соҳили мурод расонд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба даст гирифтани масъулияти роҳбарии кишвар роҳи сулҳу хамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилию муттаҳидиро дар пеш гирифт. Дар ин нукта шакке нест, ки раванди сулҳофарӣ аз ҳамон Иҷлосия оғоз шуд, иродаи матини роҳбари нави миллат, вакилон ва тамоми мардум аз ҳамон лаҳзаҳои аввали баргузори Иҷлосия ба вуҷуд омада буд. Вале табиист, ки расидан ба натиҷаи ниҳоии сулҳ ва ризояти комилу саросарӣ кори осон набуд. Пешвои миллат дар ин роҳ тамоми сахтиҳоро пушти сар гузошт ва ҳамон тавре, ки дар аввалин суханрониаш ваъда дода буд, аз ҳеҷ талоше дареғ наварзид ва ҳатто ҷонашро низ дар ин роҳ ба хатар гузошт.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон як ҷомеаи пешрафта ва худшиносу худогоҳ аст. Миллати мо офати парокандагиро дар хуну пӯсти худ таҷриба карда, барои ин таҷриба баҳои сангине пардохтааст. Ин аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату амнияту субот мерасад ва барои ҳифзи ин арзишҳо ҳамаҷониба талош меварзад.

Дар ҳақиқат, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид, рукнҳои асосии давлатдориро ба вуҷуд оварда, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлатро танзим намуд.

Аз ин дидгоҳ, ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст, зеро маҳз соҳибистиқлолӣ омили асосии рушду пешрафт, саодату комёбӣ ва обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

 

Зоҳир НАБИЗОДА,

сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон