ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ НБО «СЕБЗОР»

09-уми сентябри соли 2025, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ва ҷараёни корҳои сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон шинос гардид.

Зимни боздид, директори генералии ҶСК «Помир Энерҷӣ» Амирхон Раимов вобаста ба ҷараёни истеҳсоли неруи барқ, иқтидори амалкунанда ва саҳми неругоҳ дар таъмини аҳолии маҳаллӣ бо энергияи барқ маълумот доданд.

Маврид ба зикр аст, ки НБО «Себзор» бо иқтидори 11 МВт имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 млн кВт/соат энергияи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

Таъкид гардид, ки ба истифода супоридани иншооти мазкур саҳми муҳим дар таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба барқ мегузорад.

БОЗДИД АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ

Ҳамзамон, муовини вазир аз майдони сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт дар деҳаи Рож дидан намуда, бо масъулин ҷараёни корҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Айни замон, корҳои ҳамвор намудани замин барои насби пояҳо идома дошта, тибқи нақша неругоҳи офтобӣ то охири соли 2025 ба истифода дода мешвад. Инчунин, 80 дарсади таҷҳизоти зарурӣ, аллакай дастрас гардидааст.

Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани иқтидори энергетикии минтақа ва рушди энергияи «сабз» аҳамияти калон дорад.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои об зарурати риояи талаботи техникиву меъёрӣ ва таъмини сифат дар раванди сохтмонро таъкид намуд.