ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз!
Бо самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу бузург – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегӯем.
Истиқлоли давлатӣ дастоварди нодиру таърихиест, ки халқи тоҷикро дубора соҳиби давлатдории воқеӣ намуда, роҳи озод ба сӯи пешрафт, рушд ва ободии Ватанро кушод.
Мутаассифона, солҳои нахустини истиқлол кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд, ки талафоти ҷонӣ ва маънавии зиёде ба бор овард. Аммо ин фоҷиаи миллӣ дарси бузурги таърихӣ шуд: сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ пояҳои асосии давлату давлатдорӣ ва заминаи зиндагии орому осоиштаи ҳар як фарди ҷомеа мебошанд.
Бо раҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иродаи матини мардуми шуҷоъи тоҷик, кишвари мо аз гирдоби ҷанг раҳо ёфта, ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Сулҳу суботи комил ба шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар замина гузошт.
Имрӯз Тоҷикистони азиз зери парчами ваҳдату якпорчагӣ, дар фазои оромиву осоиш, бо қадамҳои устувор ба сӯи рушд ва шукуфоӣ пеш меравад. Дар тамоми самтҳо, аз ҷумла энергетика ва захираҳои об ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳим, пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Мо итминон дорем, ки ҳар як фарди ватандӯст бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулият ва муҳаббати беандоза ба Ватан, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорад.
Бо ин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу амонӣ, хушбахтиву комёбӣ ва ба Ватани азизамон рушду нумӯи бештар таманно дорем.
Иди истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!