11-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти комиссияи ҷамъиятии Вазорат оид ба танзими ҷашну маросим баррасӣ карда шуд.
Дар ҷаласа Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, котиб ва аъзои комиссияи ҷамъиятии Вазорат, инчунин, Бурҳониддин Қаландаров, мутахассиси пешбар ва Дилхоҳи Раҳим, мутахассиси раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини вазир дар оғози ҷаласа доир ба нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки риояи меъёрҳои қонун барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сарфакорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Сипас, гузориши котиби комиссия оид ба фаъолияти комиссия шунида шуд.
Бурҳониддин Қаландаров, мутахассиси пешбари Кумита, натиҷаҳои фаъолияти комиссияро мусбат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани кор дар ин самт як қатор тавсияҳо пешниҳод кард. Аз ҷумла, ӯ зарурати густариши тарғибот миёни кормандон ва аҳолӣ ҷиҳати тариқи электронӣ сабти маъракаҳо дар Портали бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодориро таъкид намуд.

















