МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶОПОН

12-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуда, ба масъалаҳои тавсеаи муносибатҳо дар самти рушди энергетикаи «сабз», татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва баланд бардоштани иқтидори техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.