12-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа роҳбари навтаъини Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Дениз Лютиро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот вазир аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Швейтсария, дар соҳаҳои энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни тавсеаи ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои беҳтарсозии идоракунии захираҳои об мубодилаи афкор намуданд.
Хонум Дениз Люти омодагии Швейтсарияро ҷиҳати идомаи дастгирии лоиҳаҳои мавҷуда ва рушди ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими иқтидори энергетикӣ ва обтаъминкунӣ равона шудаанд, баён дошт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо зарурати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳоро барои расидан ба ҳадафҳои муштараки рушди устувор таъкид намуданд.
















