МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

15-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак» ва Барномаи солимгардонии молиявии соҳаи энергетика   қарор гирифт.