ИШТИРОК ДАР МУКОЛАМАИ ДУЮМИ ВАЗИРОНИ ИҚТИСОД ВА ЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ+ҶОПОН

16-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода дар Муколамаи дуюми вазирони иқтисод ва энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон, ки дар шаҳри Токио баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Дар Муколама «Харитаи роҳ ба самти бетарафии карбон барои Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯз минтақаи мо пайомадҳои тағйирёбии иқлимро эҳсос намуда истодааст. Воқеияти ин, бо суръат обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

– Барои Осиёи Марказӣ – масъалаи бетарафии карбон на танҳо масъалаи рушд, балки масъалаи амният ва шукуфоӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон, Тоҷикистон саҳми назарраси худро ҷиҳати бетарафии карбон на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми сайёра мегузорад. Ба шарофати захираҳои бузурги энергияи барқароршаванда, 98% неруи барқи кишвар аз захираҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда мешавад. Ин яке аз баландтарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст, – таъкид дошт М.Сафарзода.

Иштирокчиён «Харитаи роҳ ба самти бетарафии карбон барои Осиёи Марказӣ»-ро, ки ҷониби Ҷопон бо машварат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия гардиааст, истиқбол карданд.