ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕЙТСАРИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ BLUE PEACE CENTRAL ASIA БАРРАСӢ ШУД

16-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ  дар Тоҷикистон ва роҳбари лоиҳаи Blue Peace Central Asia  мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар доираи лоиҳаи Blue Peace Central Asia мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири энергетика ва захираҳои об аз дастгирии Швейтсария дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши лоиҳаи Blue Peace Central Asia-ро дар таҳкими муколамаи обӣ миёни кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ кард.

Тарафҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва мусоидат ба амалӣ гардидани ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об таъкид намуданд.