18-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар толори ҶСК «Барқи Тоҷик» Конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори он муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода, муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ Беҳрӯз Ҳасанзода, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Нодир Акмалзода, роҳбарият ва кормандони ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Манучеҳр Сафарзода таъкид намуд, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар рушди устувори иқтисод, хусусан соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад. Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ мебошад ва барои таъмини истиқлоли энергетикӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ зарур аст, ки фаъолият дар ин самт аз амалҳои коррупсионӣ эмин нигоҳ дошта шавад.
Иброз гардид, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об вобаста ба пешгирии қонуншиканиҳо ва амалҳои коррупсионӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) корҳои зарурӣ амалӣ гардидааст.
Таъкид шуд, ки айни замон дар кишвар татбиқи лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ тавассути насби ҳисобкунакҳои ҳушманд ва таъсиси низоми биллингӣ идома дошта, ин тадбир дар пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ нақши муассир мегузорд.
Дар идома муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ Беҳрӯз Ҳасанзода, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Н. Акмалзода, роҳбарият ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баромад намуданд.
Махсусан таъкид гашт, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.
Саҳифаи мо телеграм:
✅ https://t.me/mewrtj



































