18-уми сентябри соли 2025, Тошканд. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамоҳангсозии содироту воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, инчунин имкониятҳои таҳвили гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ин давра баррасӣ гардиданд.













