26-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Норак Ҷаласаи дуюмин Шурои ҳавзаи дарёи Вахш бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дарёи Вахш на танҳо як манбаи муҳими об барои кишоварзӣ ва энергетика аст, балки омили калидӣ дар рушди устувори минтақа ба шумор меравад.
– Тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои об моро водор месозанд, ки ҳамкориро дар сатҳи ҳавзаи дарё тақвият бахшем, – таъкид намуд Ҷ.Шоимзода.
Ба Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии лоиҳаи “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон” изҳори сипос карда шуд.
Дар Ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои об, нақши ҷомеа ва таъсири иқлим рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, масъалаҳои муҳими ҳавзавӣ баррасӣ ва муҳокима карда шудаанд.
Инчунин, Нашқаи кории Шурои ҳавзавӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид.















