МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКАИ ҚАЗОҚИСТОН

02-юми октябри соли 2025, Остона. – Дар ҳошияи Kazakhstan Energy Week – 2025 вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов баргузор гардид.

Нахуст, Ерлан Аккенженов ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар форум изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ин як нишонаи муҳими эътимод ва тасдиқи муносибатҳои бародарона байни ду кишвар мебошад.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷониби қазоқистонӣ омодагии худро барои имзои Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз дошт.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гашт, ки гуфтушунидҳои мазкур такони ҷиддӣ ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо мебахшанд.