ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

 03-юми октябри соли 2025, Душанбе. – Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҳамоиши идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гашт.

 Муовини якуми вазир Ҷамшед Шоимзода ҳозиринро бахшида ба ин сана фархунда шодбош гуфта, иброз дошт, ки «Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо дар масири пурпечутоби таърих бисёр санҷишҳои сахтро паси сар намуд. Аммо маҳз бо шарофати истеъдоди бузурги фарзандони миллат ва талоши адибону донишмандон тавонист ҷойгоҳи худро ҳамчун яке аз забонҳои бонуфузи илму адаб, фарҳанг ва маънавиёти умумибашарӣ ҳифз намояд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар даврони истиқлолият рисолати таърихии забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдории миллӣ боз ҳам устувортар гардид».

Таъкид гардид, ки забон на танҳо воситаи муошират, балки рамзи ҳастиву бақои миллат ва оинаи руҳу андешаи он мебошад. Пас, ҳар яки мо вазифадорем, ки нисбат ба забони модарӣ эҳтироми самимӣ дошта бошем, онро гиромӣ дорем, дуруст истифода намоем ва ба наслҳои оянда бо тамоми зебоӣ ва ганҷинаҳои маънавияш мерос гузорем.

Дар идома, вобаста ба нақши истиқлоли давлатӣ дар рушди забони давлатӣ ва нақши асари бунёдии Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» дар баланд бардоштани худшиносию ҳувияти миллӣ суханронӣ сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ далели равшан аст, ки забон дар паноҳи давлат қарор дорад ва ғамхорӣ нисбат ба он аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад.