03-юми октябри соли 2025, Остона. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар аввалин ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Лигаи кишварҳои араб (ЛКА), ки таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва энергетикаи устувор» дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа доир ба таъсири тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон ибрози назар намуда, қайд карданд, ки «мо хуб дарк мекунем, ки хавфи афзояндаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти мо нигаронкунанда аст. Муҳим аст ёдовар шавем, ки ҳаҷми умумии партоби газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 0,003% дар як солро ташкил медиҳад, аммо бо вуҷуди ин кишвари мо ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад».
Таъкид гардид, ки ҳаҷми зиёди об дар обамборҳои неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон аз ҳисоби пиряхҳо захира мегардад, ки мутаассифона, бо суръати шадид об мешаванд. Тибқи баҳодиҳии коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон дар асри XX тақрибан 30 фоизи ҳаҷми худро аз даст додаанд.
– Боварӣ дорам, ки ҷаласаи имрӯза ба як минбари муассир барои мубодилаи озодонаи таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои таҳияи қарорҳои мушаххаси муштарак табдил хоҳад ёфт. Қарорҳое, ки ба таъмини ояндаи устувор ва боэътимоди энергетикӣ барои кишварҳои мо ва наслҳои оянда равона мегарданд, – иброз дошт вазир дар интиҳои суханронӣ.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, муовини Дабири кулли СҲШ Аҳмад Саидмуродзода, Директори ЛКА оид ба муҳити зист Маҳмуд Фатҳаллоҳ ва Дабири кулли Маҷлиси ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё Кайрат Сарибай, вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Нисанбоев, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиабодӣ, муовини якуми вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Эмилбек Исмонов, муовини якуми мазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Маматкаримов, муовини вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Ахмет Чонкар, муовини мазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Орхон Зейналов ва коршиносон иштирок доштанд.
Мавзуи асосии рӯзнома рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва муҳити зист буд. Иштирокчиён равишҳои умумӣ дар сиёсати иқлимӣ, роҳандозии табодули технологияҳо барои гузариши «сабз» ва таъмини амнияти энергетикиро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба маблағгузории лоиҳаҳои иқлим, бунёди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва татбиқи технологияҳои пешқадам – аз истихроҷи карбон то рушди энергетикаи гидроген дода шуд. Ҳамзамон, доир ба омодагӣ ба Саммити минтақавии муҳити зист, ки моҳи апрели соли 2026 дар Остона баргузор мешавад, табодули афкор сурат гирифт.
















