СЕМИНАР-МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ИҶРОИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06-уми октябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати корӣ оид ба оғози корҳои амалӣ дар самти татбиқи саривақтии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2025, №477 «Дар бораи Тартиби пайдарҳамии истифодаи маблағҳои ба суратҳисоби ҶСК «Барқи Тоҷик» воридшуда» шуруъ гардид.

Дар кори машварат вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, намояндагони шарикони рушд ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Ҷаласаро вазири энергетика ва захираҳои об ифтитоҳ намуда, вобаста ба раванди ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика, такмили механизмҳои идоракунии молиявӣ ва зарурати татбиқи босамари қарори мазкур ибрози назар намуд.

Вазир таъкид кард, ки иҷрои саривақтии талаботи қарор барои таҳкими низоми шаффофияти маблағгузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои молиявии ҶСК «Барқи Тоҷик» нақши муҳим дорад.

Дар ҷараёни семинар-машварат рӯнамо оид ба вазъи молиявии ҶСК «Барқи Тоҷик» манзур гардид.

Иштирокдорон оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро барои беҳтар намудани механизмҳои татбиқи қарори мазкур ироа намуданд.

Ёдовар мешавем, ки семинар – машварати корӣ ду рӯз (6-7-уми октябр) баргузор мегардад.