РОШТҚАЛЪА: ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯ ДАР НУҲ МОҲ

09-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисобот оид натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар ин давра ироа гардид.

Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Вазорат, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дастурҳои мушаххас дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ 152 иҷро гардида, дар 25 банди дигар корҳо идома доранд, ки 86 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.