ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ МУКОЛАМАИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА ЭНЕРГЕТИКА

10-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Форуми муколамаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба энергетика, ки дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия дар ҳошияи Форуми «Дарвозаи ҷаҳонӣ-2025» баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар форуми мазкур, вазирони энергетикаи ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, намояндагони Туркманистон, шарикони рушд ва коршинос иштирок варзиданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суханронӣ иброз дошт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои обу энергетикӣ муносибаҳои хуб доранд.

– Мо даъват менамоем, ки барои фаъол гардонидани корҳо оид ба таъсиси долонҳои «сабз», таҷдиду навсозӣ ва сохтмони хатҳои нави интиқоли барқи байнидавлатӣ иқдомҳои ҷиддӣ андешида шаванд. Масалан, лоиҳаи CASA-1000 бояд ба унвони ҳалқаи катализаторӣ дар занҷираи лоиҳаҳои минтақавӣ хизмат намояд. Инфрасохтори он имкон медиҳад, ки 1300 мегаватт энергияи «сабз» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳудуди Афғонистон ба Покистон содир гардад. Вале мо бояд аз ин ҳам фаротар андешем. Тоҷикистон омода аст, ки барои ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо, муколамаи зичи техникӣ ва сиёсиро роҳандозӣ намояд, – таъкид кард Далер Ҷумъа.

Зимнан, бояд қайд кард, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои об дар кори Форуми мазкур ширкат доштанд.