ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ ЧОР МАСЪАЛА БАРРАСӢ ШУД

10-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи Шурои илмӣ-техникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ҷаласа вазир иброз дошт, ки мақсади асосии Шуро, ин мусоидат ба қабули қарорҳои аз лиҳози илмӣ асоснок, таҳлили масъалаҳои муҳими техникӣ ва стратегии соҳаи электроэнергетика, инчунин таҳия ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ мебошад.

 Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа 4 масъала баррасӣ гардид:

  1. Таъин намудани аъзоёни Шурои илмӣ-техникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби он;
  2. 2. Асосноккунии техникии истифодаи трансформатори фазатағйирдиҳӣ (фазоповоротный трансформатор) дар шабакаҳои интиқоли барқи 500 кВ, аз ҷумла, дар ХИБ-500 кВ «Датка-Суғд» (CASA-1000) дар шароити кори мувозии Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ;
  3. 3. Баррасии омилҳои таъсиррасон, ки дар НБО «Норак» моҳҳои январ ва декабри соли 2020 боиси садама ва корношоям гардидани васлаки элегазии ХИБ-220 кВ Л-7-11 (Л-7Ш) ва васлаки элегазии паҳлӯгузари 220 кВ ДТПЭ-220 кВ шуда буд;
  4. 4. Баррасӣ ва муайян намудани тартиби танзими муносибатҳо байни корхонаҳои соҳавӣ ва истеҳсолкунандагони мустақил (шахсӣ) оид ба хариду фурӯши энергияи барқи истеҳсолшаванда аз ҷониби истеҳсолкунандаи мустақил дар мисоли ҶДММ «Сомон-Такси-Сайр».

Дар кори ҷаласа аъзоёни Шуро ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.