ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА СИФРИИ КАРБОНИ БРИТАНИЯИ КАБИР

🇹🇯 🇬🇧14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» намояндагони Вазорати энергетика ва сифрии карбони Британияи Кабирро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабирро дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар самтҳои рушди неруи барқароршаванда, коҳиши партовҳои карбон ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои энергияи «сабз» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳмонон аз сатҳи баланди ташкилии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» ва иштироки фаъоли доираҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.