ИЗҲОРИ ТАВАҶҶУҲИ БОР БА ЛОИҲАИ НЕРУГОҲҲОИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН

16-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об муовини вазир Сафарзода Манучеҳр бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд вохӯрӣ намуд.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳои лоиҳаи бунёди сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ – «Ёвон» ва «Айнӣ» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон қарор гирифт.

Аз ҷониби роҳбарияти ҶСК «ТАУЗ Гидро» ба намояндагони бонк рӯнамо оид ба лоиҳаи неругоҳҳо ва корҳои то ин вақт анҷомёфта манзур карда шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур изҳор доштанд.