НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ТАҚСИМОТИ БАРҚ» ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ

20-уми октябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» оид ба фаъолияти истеҳсолӣ-молиявӣ иштирок намуд.

Дар ҷаласа роҳбарияти ҷамъият, филиалҳои он ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботи муфассали масъулон шунида шуд.

Зиур гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ 2 млрд 520,3 млн кВт/соат ё 16,3 %-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 105,2 млн кВт/соат ё 2,6% кам мебошад.

Сипас, роҳбарони филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ҳисобот доданд ва фаъолияти онҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷамъият кам намудани талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии назорати истифодаи неруи барқ, таъмини устувори неруи барқ ба истеъмолкунандагон ва ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи он мебошад.

Дар идома вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ба масъулон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.