ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

21-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа ду масъала:

натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об дар семоҳаи сеюми соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол;

баррасии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026».

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш ва аз рӯйи масъалаи дуюм сардори раёсати электроэнергетика вазорат Қурбоналӣ Хайруллозода гузориш доданд.

Сипас, фаъолияти ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», корхонаю муассисаҳои соҳаҳои захираҳои об ва нафту газ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар идомаи ҷаласа Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба натиҷаҳои корҳои назоратӣ баромад намуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об, иҷрои талаботи ислоҳоти соҳаи энергетика, татбиқи сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фароварди ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул гардид.