22-юми октябри соли 2025, Ҷидда (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири энергетика ва захираҳои об иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро он рамзи ваҳдат, муколама ва ҳадафи муштараки кишварҳои мо мебошад.
Дар идома, вазир ба пешоҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ва қабул гардидани ташаббусҳои кишвари мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ишора намуда, зикр кард, ки таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардидани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид пас аз гузашти беш аз ним аср далели ин гуфтаҳост: «Он лаҳзаи таърихӣ саҳифаи наверо дар рӯзномаи ҷаҳонии об боз намуд», – илова кард вазир.
– Аз соли 2018 инҷониб Раванди оби Душанбе ба як платформаи эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои муколама ва ҳамкории амалӣ табдил ёфтааст, – қайд кард Далер Ҷумъа.
Гутфа шуд, ки дар кишвар Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029 қабул ва амалӣ шуда истодааст.
– Гузариш ба иқтисоди «сабз» яке аз ҳадафҳои стратегии миллии мо мебошад ва он санги асоси дидгоҳи дарозмуддати рушди Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз неруи обӣ тавлид мегардад ва мо ният дорем то соли 2032 ба 100 фоиз истеҳсоли барқи аз манбаъҳои барқароршаванда даст ёбем, – илова кард вазир.
Дар идома вазир аз равобити мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ёдовар шуд.
Дар фароварди суханронӣ вазир аз ҳозирин ҷиҳати иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2018», ки баргузории он соли оянда дар назар аст, даъват ба амал овард.


















