МУЛОҚОТИ ҲАМРАИСОНИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

🇹🇯 🇮🇷22-юми октябри соли 2025, Ҷидда (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ). – Дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об мулоқоти ҳамраисони Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ –вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот маҷмуи ҳамкориҳои дуҷониба ва рафти иҷрои протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Шероз ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои онро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Ҳамсуҳбатон, вобаста ба ҷаласаи навбатии Комиссия, ки баргузории он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, табодули афкор намуданд.

Дар идома, ба муҳтавои масъалаҳои баррасигардида дар ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа зимни суҳбат аз фаъолияти НБО «Сангтӯда-2», ки ҳудуди 4-5 фоизи ҳаҷми умумии неруи барқи истеҳсолшавандаро таъмин менамояд, изҳори қаноатмандӣ карда, онро намунаи ҳамкории муваффақи Тоҷикистону Эрон дар соҳаи энергетика арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом, ҳар ду ҷониб барои боз ҳам тақвият додани равобити дуҷониба, хусусан дар самтҳои энергетика ва захираҳои об омодагии худро иброз доштанд.