Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон корҳои насби панелҳои офтобӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт (0,5 МВт иқтидори системаҳои нигоҳдории энергия (батарея) оғоз ёфтанд.
Татбиқи лоиҳа ба тавсеаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини устувории таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат менамояд.
Неругоҳ дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр бунёд шуда истодааст.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосир анҷом дода шуда истодааст.
Айни замон 40 % корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани неругоҳи мазкур то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
















