03-юми ноябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода маросими муаррифии муовини навтаъини вазири энергетика ва захираҳои об баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2025, №586 дар бораи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадзода Шариф Сафаралиро қироат намуданд.
Сипас, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа баромад намуда, барои иҷрои масъулияти ба зиммааш гузошташуда барору комёбиҳо тамано намуд.
Иброз гашт, ки Шариф Маҳмадзода бо истифода аз таҷрибаи корӣ ва донишҳои касбӣ ба рушди минбаъдаи соҳа саҳми назаррас мегузорад.
**********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
















