Маҳмадзода Шариф Сафаралӣ

Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

20-уми феврали соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли  2015  Донишгоҳи  техникии  Тоҷикистон  ба  номи  академик М.С. Осимӣ (рӯзона, дараҷаи  бакалаври техника ва технология  аз рӯи ихтисоси неругоҳҳои барқӣ ) ва соли 2017 Донишгоҳи давлатии элетротехникии Санкт-Петербург ба номи  В.И.Улянов (рӯзона, дараҷаи магистри электроэнергетика ва электротехника)-ро хатм  кардааст.

                    Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2017 – 2018 Барқкори зеристгоҳи барқии «Ҷангал» дар Хадамоти зеристгоҳҳои барқи гурӯҳи 2-юми Шабакаҳои барқии марказӣ
Солҳои 2018 – 2019   (05 – 02) Барқкори зеристгоҳи барқии «Ҷангал» дар Хадамоти зеристгоҳҳои барқи гурӯҳҳои 3, 4, 5 – и Шабакаҳои барқии марказӣ
Соли 2019 (02 – 04) Барқкори зеристгоҳи барқии «Ҷангал» дар Хадамоти зеристгоҳҳои барқи гурӯҳи 6-уми Шабакаҳои барқии марказӣ
Соли 2019 (04 – 12) Мутахассиси Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ)
Солҳои 2019 – 2021  (12 -12) Сармутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2021 – 2024 (12- 07) Сармутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникии Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Солҳои 2024 – 2025  (07- 07) Сардори шуъбаи назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ ва болои Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Аз 07.07.2025 то 03.11.2025 Сардори Раёсати назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқии Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 03.11.2025 Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон