ТАНТАНАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАЗОРАТ

05-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар фазои идона сурат гирифт.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни сухани ифтитоҳӣ, ҳозиринро ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсия, ки ҳамчун санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат арзёбӣ мегардад, самимона табрику шодбош гуфта, иброз дошт: “Дар фазои соҳибистиқлолӣ рӯйи кор омадани Конститутсия (6 ноябри соли 1994) тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии давлатдории навинамон буда, барои кишвар марҳилаи нави таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро боз намуд”.

Таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад.

Сипас, Хусрав Рамазонзода, сардори раёсати ҳуқуқи Вазорат, баромад намуда, иброз дошт, ки бо қабули Конститутсия муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд. Ҳоло дар фазои ҳуқуқии кишвар 427 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва беш аз 380 қонун амал мекунад. Ҳамзамон, зиёда аз 700 санади ҳуқуқии байналмилалӣ ба тасвиб расонда шуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар ин давра ғояи таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ ба миён омаданд ва бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки пурра хусусияти миллӣ доранд, қабул гардиданд.  Дар ҳамин замина, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” рӯйи кор омад.

Зикр гардид, ки айни замон аз ҷониби Вазорат лоиҳаи кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида истодааст.

Даъват ба амал оварда шуд, ки дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат ба даст омадаанд, муттаҳид гардида, дар раванди рушди миллӣ, саодати мардум, расидан ба ояндаи дурахшон, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон саҳми худро гузорем.

Дар идомаи чорабинӣ маросими тақдими дафтарчаҳои ҳизбӣ ба кормандоне, ки тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд ва маросими тақдими Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj