НАМОИШИ АКСҲО: ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО БА СӮИ ЭНЕРГЕТИКАИ УСТУВОР

13-уми ноябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ» маросими ифтитоҳи намоиши аксҳо таҳти унвони «Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон: ҳамкорӣ дар рушди энергетикаи устувор» баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ, муовинони вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода, Шарифа Худобахш, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, собиқадорони соҳаи энергетика, намояндагони Ассостсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, лоиҳаи SECCA ва гурӯҳи донишҷӯдухтарони риштаи энергетика иштирок доштанд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Манучеҳр Сафарзода чунин иброз дошт: «Намоиши аксҳое, ки мо имрӯз ифтитоҳ менамоем, аҳамияти махсус дорад. Имрӯз таваҷҷуҳи махсус ба ҷалби духтарон ва занон ба соҳаи энергетика зоҳир карда мешавад. Ин самти стратегӣ ва муҳим аст, зеро рушди энергетикаи устувор бе имкониятҳои баробар барои ҳама ғайриимкон мебошад. Дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои амалӣ шудани фаъолияти касбии занон дар ин соҳа муҳайё аст, аммо, мутаассифона, духтарон кам ба ин роҳ қадам мегузоранд. Мо бояд фаъолона кор кунем, то ин вазъият тағйир ёбад – тавассути омӯзиш, таблиғ ва дастгирии ташаббусҳо».

************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj