БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАВОНОНӢ БАРОИ МУВОЗИНАТИ НИЗОМИ ЭНЕРГЕТИКӢ

13-уми ноябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ» семинар оид ба масъалаҳои тавононӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, мутахассисону коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин шарикони рушд иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории семинар мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи роҳҳои беҳсозии идоракунии мувозинати системаҳои энергетикӣ дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои боло бурдани устувории шабакаҳои энергетикӣ, тақвияти иқтидори техникӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои тавозуни таъминот ва истеъмол баррасӣ гардиданд.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj