ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ

14-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ҶСК «ТАУЗ Гидро» дар бинои ҶСК «Барқи Тоҷик» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд ва дар руҳияи идона сурат гирифт.

Ҷамъомади тантанавиро Манучеҳр Сафарзода – муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашнҳо, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯза мебошанд шодбош гуфт.

Таъкид гардид, ки таҷлили ин санаҳо ба хотири саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Ин ҷашн рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти кишвар буда, дар шинохти саҳеҳтари арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад.

Ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллат ва расидан ба қадри ҷоннисориву заҳматҳои бедареғи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Махсусан гуфта шуд, ки дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра моро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шуда, барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Дар идомаи ҳамоиш Абдулло Қурбонзода – муовини директори генералии ҶСК «Барқи Тоҷик», Баҳодур Усмонов – муовини директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», Бахтиёр Раҳматзода – менеҷери техникии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат – Гудаста Халилова ва як қатор кормандони соҳа баромад намуданд.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj