ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ 67-УМИ ШЭЭ ИДМ БАРГУЗОР ГАРДИД

20-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.

Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирон ва муовинони вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ, муовини Котиби генералии ИДМ, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, ширкатҳои энергетикии давлатҳо ва марказҳои илмӣ-тахқиқотӣ иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Вазир иброз дошт, ки аз соли 2000 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳа дар соҳаи энергетика амалӣ карда шудааст, ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо зиёда аз 2,5 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, бозсозии зеристгоҳҳои бузурги калидии шабака, навсозии шабакаҳои барқии ҳамаи дараҷаҳои шиддат ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ мебошад.

Дар идомаи суханронӣ вазир доир ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора намуда, таъкид кард, ки барои баланд бардоштани эътимоднокии низоми энергетикии минтақа, айни замон лоиҳаи азнавпайвастшавии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳа, қисмати ҷанубу ғарбии низоми энергетикии Тоҷикистон дар аввали моҳи июни соли 2024 бомуваффақият ба низоми ягона пайваст гардид.
Пайвастшавии қисмати шимолии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягона нимаи якуми соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» таъкид гардид.

– Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, айни замон сохтмони Нергоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3780 МВт идома дорад, – илова намуд Далер Ҷумъа.

Таъкид гардид, ки то соли 2030 иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ бояд на камтар аз 3000 МВт-ро ташкил диҳад. Дар ин самт, аллакай, корҳои мушаххас оғоз гардидаанд. Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти низоми энергетикӣ мутавозинтар гардад, махсусан дар давраи авҷи истеъмол, ки асосан ба мавсими тирамоҳу зимистон рост меояд ва дар ин давра сатҳи воридшавии об ба неругоҳҳои барқи обӣ кам мегардад.

Илова бар ин, вазир ба тақвияти ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар доираи фаъолияти ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ва бо Ӯзбекистон дар мавриди сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ишора кард.

Дар идомаи чорабинӣ Грабчак Евгений – муовини вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Т.Р. Мидхун – муовини Котиби генералии ИДМ, Денис Трефилов – муовини Котиби генералии СҲШ сухан ронданд.

Сипас, тибқи рӯзнома, муҳокимаи мавзуъҳои механизми амалии рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ ва СҲШ, ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои то соли 2035 (дурнамо барои соли 2050), оид ба раисии шурои Ҳамоҳангсозии назди ШЭ ИДМ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ соли оянда дар шаҳри Қазон (Федератсияи Россия) баргузор карда мешавад.

Шурои электроэнергетикии ИДМ дар тӯли зиёда аз се даҳсола ҳамчун майдони муҳим барои мувофиқаи роҳу равишҳои рушди энергетика, муттаҳидсозии меъёрҳои техникию танзимӣ, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои ягонаи энергетикӣ, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия хизмат мекунад.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj