🇹🇯🇹🇲26-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Cафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гочмирадов Аймират мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид кард, ки бо ташаббусу роҳнамоии сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов, ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва захираҳои об рушд намуда истодаанд.
Дар ин замина, мусоҳибон барои густариши бештари муносибатҳо дар самти электроэнергетика ва нафту газ омодагии худро иброз доштанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки баргузории он моҳи декабр дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ намуданд.
Бо итминон иброз гашт, ки баргузории ҷаласаи мазкур ба таҳкими равобити иқтисодӣ, илмӣ ва техникии ду кишвар заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меовардад.
************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















