27-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Олмон вохӯрӣ анҷом дод.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, инчунин ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, ба ҳайати намояндагони доираҳои тиҷоратии Олмон рӯнамо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди энергетикаи «сабз», баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи музокироти созанда ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.
************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj
















