28-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баргузор гардид.
Ҷаласа Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, доир ба нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки риояи меъёрҳои қонун барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сарфакорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Сипас, Бурҳониддин Қаландаров, намояндаи Кумита, муҳтавои қонун ва талаботи асосии он, аз ҷумла тартиби баргузории маросимҳо, инчунин ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани қонунгузориро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















