09-уми декабри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар маросими муаррифии лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то соли 2050», ки меҳмонхонаи «Dushanbe Serena» баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар кори чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбута, роҳбарияти ҶСК «Помир Энерҷӣ», шарикони рушд ва коршиносон ҳузур доштанд.
Вазир зимни сухани ифтитоҳи қайд кард, ки лоиҳаи мазкур ба такмили бештари инфрасохтори энергетикии вилоят, баланд бардоштани устувории шабакаҳои барқӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири идоракунӣ ва истифодаи захираҳои маҳаллии энергияи тоза равона шудааст.
Дар идома, доир ба таърих, таъсисёбӣ ва рушду ташаккули ширкати энергетикии ВМКБ – ҶСК «Помир Энерҷӣ», инчунин нақши ширкат дар таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо неруи барқ маълумоти муфассал ироа гардид.
Сипас, масъулон доир ба «Стратегияи рушди соҳаи барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то соли 2050» рӯнамои муфассал манзур намуда, самтҳои асосӣ, ҳадафҳои стратегии дарозмуддат ва нақшаҳои амалӣ гардондани лоиҳаҳои зерсохториро шарҳ доданд.
Бояд зикр намуд, ки Стратегия ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди минбаъдаи энергетикаи вилоят хизмат мекунад.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj






















