ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ: ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ ИДОРАКУНИИ УСТУВОРИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

10-уми декабри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Ҷаласаи якуми Шурои миллии об, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, камшавии захираҳои об ва афзоиши талаботи рӯзмарра ба оби тозаву босифат баргузор гардид, ба як рӯйдоди таърихӣ ва иқдоми муҳим дар самти таҳкими идоракунии устувори захираҳои оби кишвар табдил ёфт. Платформаи мазкур заминаи мусоид барои ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати давлатӣ, таҳияи стратегияҳои дарозмуддат ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байниидоравӣ дар соҳаи захираҳои об фароҳам овард.

Ҷаласа бо суханронии ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои миллии об Сулаймон Зиёзода оғоз гардид. Раиси Шуро иброз дошт, ки бо ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тӯли ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи хоси стратегӣ пайдо карданд. Маҳз бо ибтикорҳои Cарвари давлат, Маҷмаи Умуми Созмони Милали Муттаҳид даҳ қатъномаи муҳимро дар бораи об қабул намудааст, ки татбиқи амалии онҳо ба пешрафти фаъоли Рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат карда, ҳамзамон ташаббусҳои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари манбаи обҳои фаровони минтақа боз ҳам мустаҳкамтар гардонид.

– Имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи омилҳои зиёди беруна қарор доранд: тағйирёбии иқлим, камшавии пиряхҳо, зиёдшавии аҳолӣ, рушди соҳаҳои саноат ва энергетика, инчунин афзоиши ниёзҳои кишоварзӣ. Ин ҳама боиси пайдоиши буҳронҳои нав дар бахшҳои амнияти озуқаворӣ, таъмини неруи «сабз», ҳамчунин обёрии заминҳо ва ҳифзи экосистемаҳо гардида, зарурати идоракунии ҳамгироёна ва оқилонаи захираҳои обро бештар мегардонанд, – таъкид кард С. Зиёзода.

Таъкид карда шуд, ки фаъолияти пурсамари Шурои миллии об метавонад ба таҳкими сиёсати давлатӣ дар самти об, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иншоотҳои гидротехникӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидати назаррас намояд.

Дар идома Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски ва намояндаи Дафтари Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Раҳимжан Ассангазиев баромад намуданд.

Сипас, Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об, дар бораи ҳадафҳо, вазифаҳо ва механизми фаъолияти Шурои миллии об маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Иброз гашт, ки ҳадафи асосии таъсиси Шурои миллии об фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии кишвар мебошад. Ин мақом имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар як платформаи ягона мутобиқсозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.

Дар идома, натиҷаҳои татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва лоиҳаи Нақшаи ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Зарафшон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ гардиданд.

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур, оид ба татбиқи истифодаи самараноку сарфакоронаи об, самарабахш намудани фаъолияти ҳавзаҳо, насби ҳисобкунакҳо дар нуқтаҳои тақсимоти об, таҳлили дақиқи истифодаи об аз ҷониби раиси Шуро дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Дар охири ҷаласа Нақшаи кории Шурои милли об барои соли 2026 тасдиқ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Шурои миллии об ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №318 таъсис дода шудааст.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj