ПАЁМИ ШОДБОШИИ ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЛЕР ҶУМЪА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!

Собиқадорони гиромӣ!

Бо эҳтироми бепоён ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика, ки арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Шумо ба хотири рушди устувори кишвар мебошад, самимона шодбош гуфта, бароятон тандурустӣ, хушбахтии оилавӣ ва дар иҷрои рисолати касбӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

Зикр бояд намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар рушди соҳаи энергетика ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар қарор дошта, тадбирҳои пайгирона ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва тавсеаи иқтидори содиротии кишвар, то соли 2025, дар маҷмуъ, 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллари ИМА пурра амалӣ гардида, айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 миллиард доллари ИМА дар марҳилаи татбиқ қарор доранд.

Дар натиҷа, зиёда аз 2000 МВт  иқтидорҳои нав ба кор дароварда шуда, иқтидори энергетикии мамлакат ба беш аз 6600 МВт баробар гардида, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,4 миллиард кВт соат дар соли 1991 ба 24 миллиард кВт·соат дар соли 2025 афзоиш дода шуд, ки дар қиёс 6,8 млрд кВт·соат ё 37,9% зиёд мебошад.

Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ, як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблӣ ва навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».

Воқеан, расидан ба истиқлоли энергетикӣ як рӯйдоди таърихӣ ва хурсандии бузург барои мардуми Тоҷикистон хоҳад буд.

Барои расидан ба ин ҳадафи бузург аз мо – кормандони соҳа тақозо мегардад, ки сидқан ва бо масъулияти баланд фаъолият намоем ва бо кору пайкори худ боварӣ ва осудагии аҳолиро таъмин намоем.

Муҳтарам кормандони соҳа!

Соли 2025 дар қатори дигар соҳаҳо барои соҳаи энергетика низ яке аз солҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррас ва натиҷаҳои муҳими стратегӣ ноил гардидаем. Аз ҷумла:

  • Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расид. Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 145 метр баробар гардид. Дар ин замина, ду агрегати муваққатии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз наздики 10 миллиард кВт·соат неруи барқ истеҳсол кардааст;
  • Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров;
  • Бо иштироки Президенти кишвар дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавононии 11 МВт, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал», неругоҳҳои барқи офтобии Аличур (2,8 МВт), Гулзор (0,45 МВт) ва чор неругоҳи хурди барқи обӣ;
  • Баистифодадиҳии се агрегати охири Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» пас аз таҷдид бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябр;
  • Оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт;
  • Пас аз таҷдид ба кор даровардани агрегати сеюми (№7) Неругоҳи барқи обии «Норак», ки аз ин ҳисоб иқтидори лоиҳавии неругоҳ боз 40 МВт зиёд гардид;
  • Қабули Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030.

Энергетикони гиромӣ!

Тибқи таҳлилҳо ва пешбиниҳои стратегии соҳаи энергетика, то соли 2030 талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ба 25,6 млрд кВт соат баробар хоҳад шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 дар ҳаҷми 6,1 млрд кВт соат ё 31 фоиз афзоиш меёбад.

Зиёд шудани талабот, пеш аз ҳама, ба рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ, саноати коркард, афзоиши иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ва нақлиётҳои барқӣ вобаста мебошад.

Дар ин замина, тақозо мегардад, ки фаъолияти тамоми сохторҳои соҳа дар самти рушди инфрасохтор, таъмини устувории низоми энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва татбиқи лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ боз ҳам ҷоннок карда шавад.

Ҳарчанд дар даҳ моҳи соли 2025 талафоти неруи барқ дар кишвар нисбат ба соли гузашта дар сатҳи 3 % коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо то ҳол қонеъкунанда нест.

Бо дарназардошти талаботи замони муосир ва зарурати баланд бардоштани самаранокии идоракунии низоми энергетикӣ, коҳиши талафоти барқ ва таъмини шаффофият, муҳим аст, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани васлу насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ дар доираи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Зимнан, дар шароити кунунӣ тағйирёбии иқлим ба яке аз хавфҳои ҷиддии рушди устувор дар соҳаи энергетика мубаддал гардида, зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати мутобиқшавӣ ба ин равандҳо, тақвияти инфрасохтори мавҷуда, инчунин беҳтар намудани идоракунии самараноки низоми энергетикӣ ба миён омадааст.

Бо дарназардошти он ки зиёда аз 95 дарсади неруи барқ дар кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, ба инобат гирифтани хавфҳои иқлимӣ ва мутобиқсозии инфрасохтори энергетикӣ ба чунин тағйирот аҳамияти стратегӣ дорад.

Паёмадҳои ин омилҳо имсол дар Тоҷикистон ба таври равшантар эҳсос гардиданд: сатҳи об дар дарёҳо ва обанборҳо коҳиш ёфта, вазъи таъмини барқ, хусусан дар давраҳои авҷи истеъмол мавсими тирамоҳу зимистон, душвортар шуд.

Дар ин росто, татбиқи чораҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии захираҳои обӣ, истифодаи технологияҳои ҳисобкунии дақиқ, идоракунии сарфаи об дар обанборҳои неругоҳҳо, инчунин беҳтар намудани системаи огоҳкунии пешакӣ аз хавфҳои обию иқлимӣ аз авлавиятҳои соҳа ба ҳисоб мераванд.

Бо назардошти эҳтиёҷоти рӯзафзуни энергетикӣ ва зарурати таъмини амнияти энергетикии дарозмуддат, рушди неруи «сабз» ва бунёди иқтидорҳои иловагӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Кишвари мо аз ҷиҳати иқтидори офтобӣ ва бодӣ имкониятҳои васеъ дорад ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад ҳам барои коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳам барои диверсификатсияи низоми энергетикӣ мусоидат намояд.

Дар ҳамин замина, ба таври васеъ ба роҳ мондани сарфаҷӯйӣ аз самтҳои дигари муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, дар сурати то 3% таъмин намудани сарфаҷӯйии неруи барқ имконияти сарфа намудани 3,6 млрд кВт·соат то соли 2030 пайдо мегардад, ки ин баробар ба ҳаҷми неруи солонаи барқи дар НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсолшаванда баробар мебошад.

Дар чунин шароит, зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда корҳои таҳким бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳсозии шабакаҳои интиқол ва тақсимот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии умумии низоми энергетикӣ босуръат ба роҳ монда шаванд. Танҳо бо роҳи зич пайваст намудани рушди инфрасохтор, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неру, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии самараноки захираҳо мо метавонем рушди устувори энергетики кишварро таъмин намоем ва то соли 2030 талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисодиётро пурра қонеъ гардонем.

Ҳамкасбони азиз!

 Бо мақсади таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ доир ба ҳадафҳои стратегии соҳа ироа гардид, дар соли 2026 амалӣ гардидани як қатор корҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла:

  • Ивази агрегатҳои муваққатӣ ба агрегатҳои доимӣ дар НБО «Роғун» ва ба нуқтаи 1155 метр аз сатҳи баҳр расонидани сарбанди неругоҳ;
  • Ба истифода додани неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт;
  • Ба анҷом расидани лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара» ва «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар);
  • Пайвастшавии қисмати шимолии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ;
  • Қабули Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар қисмати ҷанубу шимоли кишвар бо иқтидори умумии 1500 МВт;
  • Оғози татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ дар 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
  • Оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит – марҳилаи 2».

Амалӣ намудани ин нақшаҳо имкон медиҳад, ки дар соли 2026 қадамҳои устувор ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи энергетика гузошта шуда, устувории таъминот, самаранокии истифода ва имкониятҳои содироти неруи барқ боз ҳам тақвият ёбанд.

Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!

Дар фаровард бори дигар ҳамаи Шуморо бахшида ба иди касбӣ ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрик менамоям.

Ҳарчанд Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар рӯзи кӯтоҳтарини сол таҷлил мегардад, аммо нақши шумо дар равшанӣ бахшидан ба зиндагии мардум, монанди нурест, ки торикиҳоро фурӯзон мегардонад. Орзумандам, ки умри дарозу пурбаракат, саломатии қавӣ ва неруи бепоён насибатон гардад.

 Доимо саломату сарбаланд бошед!

********

Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук: facebook.com/mewr.tj

Телеграм: t.me/mewrtj

Инстаграм: instagram.com/mewr.tj