ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

22-юми декабри соли 2025, Душанбе. – Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии назорати давлатии энергетикӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва собиқадорони соҳа дар бинои ҶСК «Барқи Тоҷик» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, вазир ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дониста шудааст, зеро энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз кормандони соҳа тақозо мегардад, ки сидқан фаъолият намоем ва бо кору пайкори худ боварӣ ва осудагии аҳолиро таъмин намоем. Чунки заҳмати онҳо на танҳо барои рӯзгори имрӯза, балки барои насли ояндаи кишвар арзиши бузург дорад.
Дар идома Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳа, баромад намуда, доир ба таърихи энергетики тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба 6 нафар Медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика», ба як қатор кормандони соҳа унвони «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», Ифтихорномаи фахрии Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj