ШУМОРАИ НАХУСТИ МАҶАЛЛАИ «ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ» РӮЙИ ЧОП ОМАД

Мо бо камоли хушнудӣ шумораи нахустини маҷаллаи «Энергетика ва захираҳои об» – нашрияи соҳавии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоем.

Ҳадафи маҷалла – муназзам ва ҳамаҷониба инъикос намудани рушди энергетикаи миллӣ, муаррифии лоиҳаҳои калидӣ, қарорҳо ва шахсоне, ки бо меҳнати худ амнияти энергетикии Тоҷикистони моро таъмин мекунанд.

Нашри шумораи нахустин рамзист: он дар соли дастовардҳои муҳим барои соҳа ва иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика рӯйи чоп омад.

Маҷалла бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла мутахассисон, муҳаққиқон, шарикони рушд ва пешбинӣ шудааст.

Мо бовар дорем, ки маҷалла ба минбари касбӣ барои мубодилаи дониш, таҷриба ва ғояҳо табдил ёфта, энергетикаро ҳамчун пояи стратегии рушди устувори Тоҷикистон инъикос хоҳад кард.

Шакли электронии Маҷаллаи «Энергетика ва захираҳои об»