НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ СОҲАИ ОБ ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

24-уми декабри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Таҳти раёсати муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи об, ки зерсохтори Вазорати энергетика ва захираҳои об мебошанд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат, роҳбарияти корхонаҳои соҳавӣ, инчунин мутахассисони масъул иштирок намуда, натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025 натҷагирӣ карда шуд.

Дар оғози ҷаласа муовини якуми вазир Ҷамшед Шоимзода иброз дошт, ки соҳаи об яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, таъмини истифодаи самаранок ва устувори захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, инчунин татбиқи барномаҳои соҳавӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Сипас, ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои дахлдор шунида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникӣ, ҳолати молиявию иқтисодӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Муовини якуми вазир зимни баррасии масъалаҳо ба роҳбарони корхонаҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳисоби дақиқи истифодаи захираҳои об, ҷорӣ намудани барномаҳои электронии идоракунӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти соҳа дастурҳои мушаххас дод.

Дар фарҷоми ҷаласа вазифаҳои асосии соҳа барои соли 2026 муайян гардида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj