Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ мусоидат мекунад, балки қадаме ба самти баланд бардоштани самаранокии энергетикии кишвар мебошад. Бисёр одатҳои одии рӯзмарра имкон медиҳанд, ки истеъмоли неруи барқ бидуни даст кашидан аз шароити роҳат ба таври назаррас коҳиш ёбад. Дар поён тавсияҳои амалӣ оварда шудаанд, ки бар асоси принсипҳои техникии кори асбобҳои рӯзгор таҳия ва ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд.
- Мошинаи ҷомашӯӣ: ҳарорати паст ва пурборкунӣ
Мошинаҳои ҷомашӯии муосир дар ҳарорати 30-40°C самаранок кор мекунанд, аз ин рӯ ҳарорати баланд ҳамеша зарур нест.
Аз реҷаи шустушӯи тез истифода баред ва танҳо ҳангоми пур шудани барабан фаъол намоед, ин истеъмоли неруи барқу обро кам ва муҳлати истифодаи дастгоҳи шуморо дароз мекунад.
Ҷудо кардани либосҳо аз рӯи навъи матоъ ва ифлосӣ зарурати шустани такрориро ба миён намеорад.
- Яхдон: истифодаи дуруст ба хотири сарфаи
неруи барқ
Яхдон яке аз асбобҳоест, ки дар хона неруи барқро бештар талаб мекунад. Аз ин хотир, барои кори самараноки яхдон:
- онро дар ҷои нисбатан салқин ва дур аз девор гузоред;
- дари онро вақти зиёд кушода намонед;
- яхдонро на кам аз 2/3 пур нигоҳ доред, зеро массаи хунукӣ ҳароратро муътадил нигоҳ медорад;
- хӯрок ва моеъҳоро пӯшонед, то намӣ кам шавад;
- конденсаторро мунтазам аз чанг тоза кунед, махсусан дар ҷойҳои чанголуд;
- ҳеҷ гоҳ хӯрокҳои гармро дар яхдон нагузоред, зеро компрессор бештар кор мекунад.
- Обгармкунак: роҳат бидуни хароҷоти иловагӣ
Танзими дурусти ҳарорати обгармкунак яке аз роҳҳои муҳими коҳиши истеъмоли неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи оби гарм мебошад. Ҳарорати муфид барои ошхона – 45°C ва барои ҳаммом – 55°C. Ин дараҷа барои истифодаи ҳаррӯзаи хонаводагӣ кофӣ буда, аз хароҷоти беҳудаи неруи барқ ва оби хунук пешгирӣ менамояд.
Вақте ки шумо муддати тӯлонӣ берун меравед, обгармкунакро хомӯш кунед ва барои шустани лавозимоти ғайрихӯрокворӣ метавонед оби хунук истифода баред.
- Таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ: нигоҳ доштани гармӣ бо энергияи камтар
Барои кам кардани истеъмол:
- тиреза ва дарҳоро хуб маҳкам кунед;
- ҳароратро дар сатҳи 21-22°С нигоҳ доред;
- ҳангоми холӣ будани ҳуҷра гармкунакро хомӯш намоед.
- ҳар як дараҷаи изофӣ истеъмоли неруи барқро то 5-7% зиёд мекунад.
- Кондитсионер: реҷаҳои дуруст ва филтри тоза
Самаранокии кори кондитсионер аз гармигузаронии ҳуҷра вобастагии зиёд дорад. Агар дару тирезаҳо ҳангоми кори кондитсионер кушода бошанд, ҳавои сард зуд аз хона хориҷ мешавад ва дастгоҳ маҷбур мешавад, ки бо
қувваи бештар кор кунад. Ин амал то 40% зиёда барқ сарф мекунад.
Ҳарорати тавсияӣ – 28-30°С.
Ба гуфтаи мутахассисон, филтрҳои ифлосшуда боиси паст шудани гардиши ҳаво ва зиёд шудани кори компрессор мешаванд. Ба ҳисоби миёна, як филтри тоза то 15% неруи барқро сарфа мекунад. Аз ин рӯ, ҳар ду ҳафта як маротибатафтиш ва тоза намоед.
- Пухтупаз: истифодаи дурусти таҷҳизот – сарфаи бештар
Чанд қоидаи асосӣ:
- қутри дегҳо бояд ба андозаи доираи гармкунак мувофиқат кунад – ин талафоти гармиро кам мекунад;
- печҳои барқӣ гармиро нигоҳ медоранд – онҳоро каме пештар хомӯш кунед;
- печҳои индуксионӣ самараноктарин мебошанд;
- печи микроволновка ҳангоми гармкунӣ неруи барқи хеле камтар сарф мекунад;
- пеш аз гузоштани зарф печро фаъол накунед ва пас аз анҷоми пухтупаз онро дар ҳолати холӣ фаъол нагузоред.
- Равшанӣ: фақат дар ҷое, ки воқеан лозим аст
Бо чораҳои одӣ метавонанд то 50% истеъмоли неруи барқро сарфа кард:
- деворҳои равшан ва тирезаҳои тоза – аз 1 то 3% сарфа;
- ба ҷойи қандили калон лампаҳои алоҳида – то 50% сарфа;
- ҷудо кардани ҳуҷра ба «минтақаҳои рӯшноӣ» – то 20-50%;
- тозакунии мунтазами лампаҳо равшаниро 5-20% зиёд мекунад.
- Дарзмолкунӣ: вақти камтар – энергияи камтар
Либосро аз ҳад зиёд хушк накунед – матои хеле хушк ҳарорати баландтари дарзмолро талаб мекунад.
Маслиҳат: зери матоъ дар тахтаи дарзмолкунӣ фолга гузоред – он гармиро бармегардонад ва равандро метезонад.
- Чангкашак: филтрҳои тоза – кори устувор
Агар зарф ё халтаи чангкашак 30% пур бошад, истеъмоли неруи барқ то 1,5-2 маротиба зиёд мешавад.
Тозакунии мунтазами филтрҳо барои аз ҳад гарм шудани муҳаррик пешгирӣ мекунад ва фишорро ба шабакаи барқӣ кам мекунад.
- Ҳолати интизорӣ (standby): истеъмоли ноаён
Таҷҳизоти маишӣ дар ҳолати интизорӣ ҳам неруи барқ истеъмол мекунанд.
Масалан, телевизори миёнаҳаҷм танҳо дар ҳолати интизорӣ то 9 кВт·соат дар як моҳ барқ сарф менамояд.
Дастгоҳҳои нерудиҳиро пас аз истифода аз барқ ҷудо кунед, зеро блокҳои барқи импулсӣ бидуни бор зудтар вайрон мешаванд.
Компютерҳо ва таҷҳизоти арзишманди электронӣ беҳтар аст пас аз истифода пурра хомӯш карда шаванд – ин муҳлати хизматрасонии онҳоро дароз намуда, хатари вайроншавиро дар ҳолати тағйирёбии шиддати барқ аз байн мебарад.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj













