ЧАНД РӮЙДОДИ МУҲИМИ СОЛИ 2025 ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ

Соли 2025 дар тақвими зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун соли расидан ба ормонҳои миллӣ ва дар таърихи давлатдории навин марҳилаи фатҳи уфуқҳои тозаи рушд сабт шуд. Дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об низ, соли 2025 соли бобарор буд. Зеро барои беҳтар намудани системаи энергетикии кишвар ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шудаанд.
Ҳоло месазад, ки чанд рӯйдоди муҳимтарини соҳаро, ки соли 2025 ба даст омаданд, иброз намуд.

НБО «Роғун» – такягоҳи ояндаи истиқлоли энергетикӣ
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расид. Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 145 метр баробар гардид.
Дар ин замина, ду агрегати муваққатии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз наздики 10 миллиард кВт·соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

Ифтитоҳи қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии лоиҳаи CASA-1000
Дар моҳи март, хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ба истифода дода шуд, ки ҳамкории энергетикии минтақавӣ ва иқтидори содиротии кишварро тақвият мебахшад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки CASA-1000 аввалин лоиҳаи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар бар мегирад.

Оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 12-уми майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вақти иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков сурат гирифт. Дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони кишварҳо ба назди такягоҳи оҳании рамзи ифтитоҳи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 омада, бо калидҳо мурватҳоро ба такягоҳ тоб доданд. Сипас, бо пахши тугмаи рамзӣ татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 расман оғоз гардид.

Аз НБО «Себзор» то неругоҳи офтобии Аличур
Дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавононии 11 МВт, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал», неругоҳҳои барқи офтобии Аличур (2,8 МВт), Гулзор (0,45 МВт) ва чор неругоҳи хурди барқи обӣ ба истифода дода шуд.

НБО «Себзор» дар маҷрои дарёи Шоҳдара дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, аз 3 агрегат иборат мебошад. Неругоҳ имкон дорад дар як сол зиёда аз 77,6 млн кВт·соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки 220 ҳазор аҳолӣ ба барқ дастрасӣ пайдо намоянд ва ин барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Инчунин, барои содироти барқ ба дигар давлатҳо имконияти иловагӣ пайдо шуд.

Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии «Себзор» имкон фароҳам овард, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки санги асос барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми июли соли 2015 гузошта шуда буд.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз ба истифодиҳии НБО «Себзор» вилоят ба истиқлоли энергетикӣ ноил гардид ва 100 % неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мегардад.

Таҷдиди пурраи НБО «Қайроққум» ва агрегати сеюми НБО «Норак»
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд се гидроагрегати Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»-ро баъди таҷдиди асосӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯйдод қадами муҳим дар роҳи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таҳкими истиқлоли энергетикӣ ва рушди энергетикаи «сабз» мебошад.

Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» дар миёнаи асри XX бунёд ёфта, аз шаш агрегат иборат аст, дар давоми қариб 70 соли фаъолият неругоҳ бори аввал пурра таҷдид гардид. Ҳангоми ба кор даромадани агрегати охирин соли 1957 иқтидори лоиҳавии он 21 МВт-ро ташкил медод. Бо сабаби фарсудашавии таҷҳизот иқтидори онҳо то 12 МВт коҳиш ёфт, ки самаранокии кори неругоҳро ба таври ҷиддӣ маҳдуд мекард.

Аз соли 2019 бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот шуруъ гардида, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо ба 29 МВт расонда шуд. Дар ин замина, иқтидори истеҳсолии неругоҳ 60 МВт зиёд гардида, истеҳсоли солонаи неруи барқ аз 650 млн то 900 млн кВт·с афзоиш ёфт.

Имсол агрегати сеюми (№7) Неругоҳи барқи обии «Норак» пас аз таҷдид ба кор дароварда шуд, ки аз ин ҳисоб иқтидори лоиҳавии неругоҳ боз 40 МВт зиёд гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ду агрегати қаблӣ 24-уми октябри соли 2022 ва 30-юми августи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буданд.

Оғози сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт
20-уми ноябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд.

Иқтидори умумии неругоҳҳои офтобии бунёдшаванда 500 МВт-ро ташкил дода, арзиши умумии онҳо 250 миллион доллари ИМА аст. Амалишавии лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани таъминоти неруи барқи минтақаҳо, афзоиши ҳиссаи истеҳсоли энергияи «сабз» ва таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 750 гектар бунёд мешавад ва зиёда аз 115 ҳазор хоҷагиро бо барқ таъмин менамояд, ҳамзамон партоби гази карбонро ба муҳити зист коҳиш медиҳад. Корҳои сохтмонӣ то августи соли 2026 идома хоҳанд ёфт. Дар ҷараёни бунёд беш аз 600 нафар, асосан сокинони маҳаллӣ, ҷалб мегарданд. Баъди анҷоми лоиҳа 30 мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳар ду иншоот аз ҷониби сармоягузори ватанӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аён Энерҷӣ» ва паймонкор – Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешавад.

Қабули Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030
Барномаи мазкур дар партави иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 2025, № 648 қабул карда шуд.

Қабули Барнома барои мушаххас намудани чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар ин давра оид ба татбиқи «Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ», ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад, нигаронида шудааст.

Дар давраи татбиқи Барнома ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст:
– 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ танҳо аз ҳисоби Неругоҳи барқи обии Роғун;
– 204 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 410 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, дар умум ба иқтидори 614 МВт;
– на кам аз 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб;
– то ба 3 дарсад расонидани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ;
– аз 10 дарсад кам кардани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ;
– ба на кам аз 5 млрд кВт*соат расонидани содироти энергияи барқ.

Дар доираи Барнома амалисозии 9 лоиҳа дар бахши истеҳсоли энергияи барқ, 13 лоиҳа дар бахши интиқоли энергияи барқ, 5 лоиҳа дар бахши тақсимоти энергияи барқ ва 2 лоиҳа ё худ барнома дар бахши солимгардонии вазъи молиявии соҳа ва ислоҳот пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории Барнома дар ҳаҷми 60 миллиарду 356 миллион сомонӣ муайян шудааст, ки он аз ҳисоби:
– маблағҳои шарикони рушд – 36 миллиарду 570 миллион сомонӣ (60,5 %);
– маблағҳои бахши хусусӣ – 23 миллиарду 786 миллион сомонӣ (39,5 %);
– инчунин, маблағҳои буҷети давлатӣ барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки ҳамасола дар ҳаҷмҳои муайян дар буҷети давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.

Шурои миллии об – қадами нав дар таҳкими идоракунии устувори захираҳои об
10-уми декабри соли 2025 ҷаласаи якуми Шурои миллии об, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, камшавии захираҳои об ва афзоиши талаботи рӯзмарра ба оби тозаву босифат баргузор гардид, ба як рӯйдоди таърихӣ ва иқдоми муҳим дар самти таҳкими идоракунии устувори захираҳои оби кишвар табдил ёфт. Платформаи мазкур заминаи мусоид барои ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати давлатӣ, таҳияи стратегияҳои дарозмуддат ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байниидоравӣ дар соҳаи захираҳои об фароҳам овард.

Ҳадафи асосии таъсиси Шурои миллии об фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии кишвар мебошад. Ин мақом имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар як платформаи ягона мутобиқсозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.

Маврид ба зикр аст, ки Шурои миллии об ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №318 таъсис дода шудааст